- Сардори раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3300 сомонӣ;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- Сармутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ;
- Сармутахассиси раёсати сармоягузорӣ -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ;
- Сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамо -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ;
- Сармутахассиси раёсати электроэнергетика – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ;
- Сармутахассиси раёсати захираҳои об – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ;
- Сармутахассиси бахши котибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ.
- Сармутахассиси бахши кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- Мутахассиси пешбари раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари раёсати сармоягузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари раёсати электроэнергетика – 2 ҷой, маоши мансабӣ -1352 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари бахши котибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1352 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- Мутахассиси раёсати электроэнергетика – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ;
- Мутахассиси раёсати ҳуқуқ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1112 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд;
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №038УЕ);
– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати харбиро адо намудаанд);
– маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;
– маълумотнома аз ҷои истиқомат.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд. Суроға: ш.Душанбе, кўчаи Шамсӣ 5/1, тел.235-97-68, mewr.tj, e–mail: kadr_vazorat@mail.ru