Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорат бахшида ба таҷлили солгарди навбатии Рӯзи забони давлатӣ таҳти роҳбарии Ҷамшед Шоимзода – муовини якуми Вазир бо иштироки кулли кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ Ҷамшед Шоимзода ҷаласаи мазкурро ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон қайд намуд, ки забони нобу пурѓановати тоҷикӣ рукни асосии мавҷудияти Давлату Миллат ва мероси гаронбаҳои ниёгонамон ба шумор рафта, боиси ифтихор аст, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ минбаъд ҳамеша таҷлил карда мешавад.
Сипас бо сухани табрикотӣ Шарифа Худобахш – муовини Вазир баромад намуда, оид ба таъриху асолати забон, ҳусну қубҳи ин мероси гаронмояи ниёгон ва дигар паҳлуҳои таърихи ҳастии миллат ба самъи ҳозирин ахборот манзур намуд.
Дар рафти маҷлиси тантанавӣ дигар кормандон баромадҳо намуда, оид ба муҳимияти забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ – забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат, ишқу вафо ва садоқату бародарӣ буда, аҷдодони мо онро маҳз барои ҳамин сифатҳои олиаш нигаҳбонӣ ва мадҳу ситоиш намудаанд. Маврид ба қайд аст, ки Рӯзи забон минбаъд низ дар Вазорат дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, таҷлил хоҳад гардид.