Мулоқот бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия

Санаи 11 октябри соли 2023 дар чаҳорчӯбаи Форуми байналмилалӣ Ҷумъа Далер Шофақир бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, Александр Новак вохӯрӣ доир намуд. Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика, алалхусус доир ба таъмини уҳдадориҳои дутарафа оид ба фаъолияти боэътимоди неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва таъмини нақшаи тавозуни индикативӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Белорусия, Виктор Михайлович Каранкевич баргузори гардид. Ҷонибҳо доир ба имкониятҳои мавҷудаи гидроэнергетикӣ ва аҳамияти он дар таъмини неруи барқи боэътимод табодули назар намуданд.

Ҳамзамон, Вазири энергетика ва захираҳои об дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Россия» дар чорабиниҳои канории форум, махсусан «Рушди гидроэнергетика аз нақша ба татбиқ» ва «Сенарияҳои рушди энергетикаи ҷаҳонӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ, Вазир роҷеъ ба имкониятҳои бузурги истеҳсоли энергияи сабз ва ҳавасманд будан ҷиҳати содироти энергияи барқи аз лиҳози экологи тоза ба кишварҳои минтақа ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳо ва ҳамчунин, масъалаҳои мубрами минтақавии алоқаманд ба рушди бозори энергетикӣ, инчунин оид ба чорабиниҳои дар ҳоли ҳозир дар ин самт татбиқшаванда, ҷой доштани зарурати воқеӣ ҷиҳати баланд бардоштани амнияти энергетикии минтақа, дигаргунсозии сохтори истеҳсоли энергияи барқ, шуруъ намудани раванди азхудкунии иқтидорҳои нав аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, алалхусус аз ҳисоби офтобу бод ва тавсеа бахшидани ҳамкории кишварҳо дар самти энергетика дар доираи созмонҳои байналмилаливу молиявӣ ибрози назар намуд.

Ҳамчунин, Вазир диққати иштирокчиёнро барои имкониятҳои обию энергетикии Тоҷикистон, хусусан дар татбиқи лоиҳаҳои хурди обию энергетикӣ тавассути ҷалби бахши хусусӣ ҷалб намуд. Қайд намуд, ки зиёда аз 95%-и истеҳсоли неруи барқ дар кишвар аз ҳисоби гидроэнергетика аз лиҳози экологӣ тоза мебошад ва Тоҷикистон танҳо то имрӯз 5 фисати онро истифода намудааст.

Дар ин росто, вобаста ба таъсири манфии раванди таѓйирёбии иқлим ба захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкил гардидани раванди пешгуии захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои асосӣ барои ҳар як давраи фасли сол ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо» ва рӯзи 21 март эълон гардидани «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҷумъа Далер Шофақир қайд гардид.