Мулоқот бо Вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон

Санаи 12 октябр дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Россия», Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир бо Вазири федеролии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, Муҳаммад Алӣ мулоқот доир намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъол намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки мизбони баргузории ҷаласаи навбатии он Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад, инчунин оид ба тақвияти ҳамкориҳо бобати барқарорсозии гуруҳҳои кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор ва нафту газ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар идомаи мулоқот Вазир роҷеъ ба идомаи татбиқи саривақтии лоиҳаи минтақавии «CASA-1000», хусусан тезонидани раванди корҳои сохтмонӣ дар қисмати покистонӣ ва оѓози фаъолияти лоиҳа дар ҳудуди Афѓонистон тавассути усулҳои гуногун, аз ҷумла ҷалби сармоягузории хусусиро бо ҳамтои худ мубодилаи афкор намуд.