Ҳамчунин, худи имруз санаи 12 октябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ҳошияи “Ҳафтаи энергетикии Россия” Вазири энергетика ва захираҳои об, Ҷумъа Далер Шофақир бо ҳамтои худ Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, Парвиз Шаҳбозов анҷом дод. Зимни мулоқот бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбоҷон доир ба ҷалби сармояи ширкатҳои хусусӣ ва соҳибтахасусии озарбойҷонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи энергетика, аз қабили бунёди неругоҳҳои барқи обию офтобӣ, бунёди НБО-и “Зарафшон” ва инчунин, таваҷҷуҳи ширкатҳои озарбойҷонӣ дар кашфи майдонҳои ояндадори нафту газдор ва бунёди корҳонаҳои коркарди нафт дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.