Дар идомаи сафар Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, санаи 13 октябри соли 2023 бо ҳамтои худ Вазири энергетикаи Федератсияи Россия, Шулгинов Николай Григориевич вохӯрӣ баргузор гардид.
Вазирони энергетика баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот мубодилаи афкор барои таъмини иҷрои Нақшаи тавозуни индикативӣ бо назардошти то рафт зиёд гардидани талаботи ҷумҳурӣ ба маҳсулоти сӯзишворӣ, махсусан сӯзишвории автомобилӣ ва дизелӣ сурат гирифт.
Вазирони энергетика, инчунин ҳамкориҳо дар самти электроэнергетика, аз ҷумла оид ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар мавриди баҳрабардории неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар баробари ин, Ҷумъа Далер Шофақир ва Шулгинов Николай Григориевич натиҷаҳои Форуми энергетикии Созмони ҳамкориҳои Шанхайро, ки рӯзҳои 3-4 октябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда буд, гуфта гузаштанд.