Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа санаи 2 декабри соли 2023 дар ҳошияи COP28 дар чорабинии сатҳи баланд оид ба се маротиба зиёд кардани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар сатҳи ҷаҳонӣ суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ қайд намуданд, ки тибқи хулосаҳои охири Созмони Милали Муттаҳид сӯзишвории истихроҷшаванда – нафт, газ ва ангиштсанг то кунун бузургтарин саҳмгузорони тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо беш аз 75 дарсади партовҳои ҷаҳонии газҳои гулхонаӣ ва тақрибан 90 дарсади тамоми партовҳои гази карбонро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки Тоҷикистон аз ҳисоби аз худ намудани захираҳои гидроэнергетикӣ ва таъмини сарфакоронаи энергия дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба ҳадафҳои худ оид ба коҳиши газҳои гулхонагӣ ноил хоҳад шуд.
Бо истифода аз фурсат Вазир аз пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи ҷаҳонии захираҳои таҷдидшаванда ва самаранокии энергия хабар дод.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин Президенти Кения, Сарвазирии Шоҳигарии Эсватинӣ, Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб, Директори генералии Комиссияи Аврупо оид ба энергетика, Директори генералии Агентии байналмилаӣ оид ба энергияи барқароршаванда ва дигар шахсони мансабдор суханронӣ намуданд.