Дар ҳошияи СОР28 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ Малколм Турнбулл вохӯрӣ анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба вусъат бахшидани ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ, нақшаҳои Тоҷикистон оид ба рушди манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва чӣ гуна Ассотсиатсия метавонад дар ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон мусоидат намояд, баррасӣ гардиданд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТГЭМ” вобаста ба нақшаҳои афзалиятноки Тоҷикистон оид ба рушди манбаъҳои энергияи барқароршаванда ба намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ маълумот пешниҳод карда шуд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҳамкориро дар самти ҷалби сармоя ва рушди манбаъҳои энергияи барқароршаванда боз ҳам тақвият мебахшанд.