Санаи 5 декабри соли 2023 дар ҳошияи COP28 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба ҳайси панелист дар муколамаи сатҳи баланд таҳти унвони “Нақши об дар гузариш ба энергияи тоза” баромад намуд.
Дар баромади худ Далер Ҷумъа нақши муҳими обро дар таъмини рушди устувори Тоҷикистон, инчунин зарурияти пешбурд ва татбиқи тавсияҳои санади “Даъват ба амал” ”-и Эътилофи раҳбарони об ва иқлимро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қайд намуд.
Дар ҷаласа, инчунин Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб, Муовини котиби генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ (WMO) ва дигар шахсони мансабдори баландпоя иштирок доштанд.