Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» маълумотҳои зеринро дар сомонаи Вазорат ҷойгир менамояд.
Вазорат, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас, бо риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ новобаста аз шакли моликияташон дар ҳудуди ҷумҳурӣ мақоми иҷозатномадиҳанда мебошад.
Намудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда дар комплекси энергетикӣ:
– фаъолият оид ба коркарди нафту газ ва истифодаи иншоотҳои нафтӣ ва газӣ;
– фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини этиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
– фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини этиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад);
– фаъолият оид ба истеҳсол, интиқол ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини этиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода шавад)
Бо мақсади шаффофу осон кардани ҳамкорӣ, минбаъд дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тавассути сомонаи худ ijozat.mewr.tj ба таври онлайн қабул мекунад. Шахсоне, ки бо фаъолият оид ба коркарди нафт ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ, истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ, истихроҷи нафту газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитгардида ва дигар самти фаъолияти вобаста ба вазорат дахлдошта машғул шудан мехоҳанд имкон доранд, ки бемонеа ва бе хориҷ шудан аз манзили зисташон ба таври онлайн ба сомонаи ijozat.mewr.tj пайваст шуда барои гирифтани иҷозатнома дархости худро пешниҳод намоянд. Ҳамзамон соҳибкорон метавонанд иҷозатномаҳои худро тавассути барномаи мазкур баъд аз пардохт намудани боҷҳои давлатӣ барои баррасии ариза 4(чор) нишондиҳанда ва боҷи иҷозаномадиҳӣ ба андозаи 2(ду) нишондиҳанда дар дилхоҳ филиал ё марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии «Амонатбонк» дастрас намоянд.
Қайд кардан зарур аст, ки тибқи талаботи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба муҳлати номаҳдуди амал дода мешавад. Барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома то 31 декабри соли тақвимӣ аз ҷониби субъекти иҷозатномадошта хироҷ ба андозаи 2(ду) нишондиҳанда барои ҳисоботҳо ба буюҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад. Дар сурати пардохт нагардидани маблағи хироҷи ҳарсола амали иҷозатнома бекор мегардад.
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи нафту газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷозатномадиҳанда мебошад.
Барои баррасӣ ариза дар бораи додани иҷозатнома ба андозаи даҳ нишондиҳанда, барои додани иҷозатнома ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад.
Дар сурати аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқ кунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ ситонида мешавад.
Пардохти хизматрасониҳо ғайринақдӣ буда, ба Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Телефон барои тамос: 235-98-51