Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид, ки дар он кулли кормандони Вазорат иштирок доштанд. Кормандон доир ба масъалаҳое, ки бевосита ба фаъолияти Вазорат рабт дошта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳо дар иншоотҳои тавлиди неруи барқ, сарфаву сариштакорона истифода бурдани неруи барқ, таҷдиди як зумра неругоҳҳои барқи обии кишвар, баланд бардоштани истеҳсоли неруи «сабз» бо истифода аз неруи офтоб ва шамол, чораҷӯӣ дар самти сохтмони манбаъҳои тавлиди барқ ва ғайра аз мавзӯъҳое буданд, ки бевосита аз ҷониби кормандон ҳамчун дастури амал давоми соли нави мелодии 2024 мавриди истифода ва иҷро қарор дода хоҳанд шуд.