Санаи 28 марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ, Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ Насрутдинзода Қиёмиддин доир ба вусъат додани фаъолият дар самти пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳаҳои барқ ва фаъолияти иҷозатномадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани мафкураи зиддикорупсионии кормандони соҳаҳои мазкур баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа ташвишовар будани ин падидаи номатлуб ва эътироф гардидани пешгирӣ намудани коррупсия ҳамчун воситаи самаранок, иҷро намудани барномаҳои миллӣ ва соҳавии зиддикоррупсионӣ, ошкор намудани соҳаҳои бештар ба хавфҳои коррупсия гирифторшуда, сабаб ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, яке аз воситаҳои муҳим қайд гардид.
Дар охир таъкид гардид, ки муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.