Санаи 19 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар толори Конфронсии меҳмонхонаи «Ҳаят» таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Гуруҳи корӣ оид ба Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об ва Гуруҳи кории ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба рафти татбиқи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва маблағгузорӣ дар соҳаи об, лоиҳаи Барномаи рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028, раванди омодагӣ ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, ки рўзҳои 10-13 июни соли ҷорӣ баргузор мегардад, раванди омодагӣ ба 14-умин Семинари байналмилалӣ дар Тоҷикистон таҳти унвони “Навсозии шабакаҳои обёрӣ ва дренаж бо мақсади мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, ки санаҳои 30-31 майи соли раван баргузор мегардад, Консепсияи дастгирии рушди таҳсилоти олӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030 ва Низоми миллии иттилоотии об ва нақшаи рушди он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ширкат варзиданд.