Санаи 2 майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа бо иштироки кормандони Вазорат ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарғибу ташфиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзўи муқовимат ба коррупсия ва тарғиби ҳатмии оммавии зиддикорупсионӣ, дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, суҳбат дар мавзуи шомил шудани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, № 586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа қайд карда шуд, ки коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки аз ҷониби Пешволи миллат ба ҳар як оилаи кишварамон китоби аълома Бобоҷон Ғафуров ҳадя карда шуд, ки шаҳрвандон кишвар аз таърихи халқамон огоҳ шаванд. Дар онҳо ҳисси меҳанапарастӣ баланд бардошта шавад. Зуҳуроти ташвишоваре, ки имрӯз як идда ҷавонони зудбовару гумроҳро фаро гирифтаву сӯи зулмот ва бераҳмиву ҷаҳолат мебарад, ин бо ҳар роҳу усул шомилшавӣ ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурӯҳҳои ҷангҷӯю тундрав мебошанд, ки имрӯз мусибати гаронеро ба сари мардум оварда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд.
Бинобар ин, таъкид гардид, ки дар байни аҳли оила ва ҷавонон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзуи шомил шудани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.