30-юми майи соли 2024 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (International Finance Corporation) Ёддошти тафоҳум оид ба рушди энергияи гармӣ (геотермалӣ) ба тасвиб расид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ табодули афкор намуданд.
Далер Ҷумъа иброз дошт, ки дар шароити тағйирёбии иқлим гузаштан ба энергияи гармидиҳӣ ва хунуккунии геотермалӣ алтернативаи муфид барои рушди устувори соҳаи энергетика мебошад. Дар ин раванд, гузаштан аз энергияи гармии аз газ ва ангишт истеҳсошаванда ба низоми геотермалӣ, яъне энергияи барқароршаванда муҳим арзёбӣ мегардад.
Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид карданд, ки “амалӣ намудани лоиҳаи рушди энергияи гармӣ (геотермалӣ) дар шаҳри Душанбе, ки бо иқдомҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ инфрасохтори пойтахт сол ба сол рушд менамояд, саривақтӣ мебошад. Зеро дар шаҳри Душанбе талабот ба энергияи гармӣ дар фасли зимистон ва хунукӣ дар фасли тобистон зиёд аст”
Хонум Илҳем Саламон баён дошт, ки “бо истифода аз захираҳои геотермалии Тоҷикистон, мо метавонем ояндаи устувор ва сабзро эҷод кунем. Ҷорӣ гардидани ин лоиҳа метавонад вобастагӣ аз неруи барқи воридотиро коҳиш диҳад. Инчунин, энергияи геотермалӣ ҳамчун “энергияи сабз”, яъне аз ҷиҳати экологӣ тоза ба рушди устувори сайёра муфид мебошад”.
Бояд гуфт, ки бо истифода аз гармии ядрои Замин, энергияи геотермалӣ метавонад вобастагӣ аз истихроҷи маҳсулотӣ сӯзишворӣ ва воридоти неруи барқро коҳиш дода, муҳити зистро беҳтар намояд.