Санаи 30 майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа бо иштироки кормандони вазорат ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа қайд гардид, ки маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми мураккаб набуда, дар асл моҳият, дарк ва фаҳмиши он мушкилӣ надорад — он иҷрои амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс – шуруъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни роҳбариро дар доираи қоидаҳо, қонунҳо, инчунин риояи меъёрҳои умумибашарии қабулшуда талаб менамояд.
Мақсад аз эълон намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун, ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ ва оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна қоидавайронкунӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷаласа вобаста ба гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав суханронӣ гардида, таъкид гардид, ки кормандони вазорат ба хусус ҷавонони он мақсади стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро дар фаъолияти ҳаррузаи худ дар вазорат,оила, фарзандон, хешу табор, ёру рафиқон сармашқи кори худ қарор дода, аз гуруҳҳои тундрав ва ҷангҷўй худро ба канор гиранд.