Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-уми майи соли 2024 баён гардиданд, 5-уми июн гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш бо сокинони ноҳияи Роштқалъа (ҷамоатҳои деҳоти Қ. Гадолиев, Тусиён ва М. Миршакар) вохӯрданд.
Дар чорабинӣ нуктаҳои муҳми мулоқотҳои Президенти кишвар бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9-уми март) ва аҳли илм ва маорифи кишвар (30-юми май) шарҳу тавзеҳ дода шуд.