11-уми июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳи 2018-2028 дар Кохи Сомон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетика ва корҳои оби Шоҳигарии Баҳрайн Ёссир ибни Иброҳим Ҳумайдан мулоқот намуд.
Миёни ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманди Тоҷикистон ва Шоҳибарии Баҳрай дар самти обу энергетика табодули афкор сурат гирифт.
Изҳори итминон гардид, ки дар оянда низ ҳамкориҳои кишварҳо дар бахшҳои об ва энергетика тақвият меёбад.