Мо таҷрибаи муваффақи Тоҷикистонро дар самти обёрӣ, захираҳои об ва идоракунии захираҳои обӣ муҳим арзёбӣ менамоем. Аз ин дидгоҳ, моро зарур аст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ин самтҳо зич ба роҳ монем.
Ин нуктаро Вазири ҳифзи муҳити зист, захираҳои об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Абдулмуҳсин Ал-Фазли дар вохӯрӣ бо Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, ки 11-уми июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Кохи Сомон баргузор шуд, иброз намуд.
Инчунин, ҳамсуҳбатон дар робита ба мустаҳакам намудани ҳамкориҳо дар бахши об, ки ба яке аз мушкилиҳои мубрами сайёра табдил ёфтааст, сухан ронданд.
Ҷониби Арабистони Саудӣ изҳори ҳавасмандии худро доир ба ҳарчи зудтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурдаи дуҷониба миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зист, захираҳои об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ баёд дошт.