Мулоқот бо хонум Барбара Помпили

11-уми июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи Президенти Ҷумҳурии Франсия оид ба баргузории “One Water Summit” хонум Барбара Помпили мулоқот намуд.
Зимни суҳбат зикр гашт, ки Раванди оби Душанбе платформаи муҳим барои баррасӣ ва ҳалли мушкилоти соҳаи об ва тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон мебошад.