11-уми июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири корҳои ҷамъиятӣ ва манзилии Ҷумҳурии Индонезия ҷаноби Басуки Ҳадимулҳоно вохӯрд.
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Индонезия дар соҳаҳои обу энергетика дар меҳвари суханрониҳои вазирон қарор гирифт.