12-уми июн Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар муколамаи интерактивӣ: Об барои ҳамкорӣ: ҳамкории фаромарзӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об, ҳамкории байнисоҳавӣ, аз ҷумла ҳамкории илмӣ ва захираҳои об дар заминаи Рӯзномаи барои давраи то соли 2030 иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ Шайх Тидиан Диа, Вазири обтаъминкунӣ ва санитарияи Ҷумҳурии Сенегал, Саймон Збинден, Роҳбари бахши захираҳои оби Агентии Швейтсария барои ҳамкорӣ бо мақсадҳо рушди (ШАС) ва намояндагону коршиносони кишварҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ ширкат доштанд.
Далер Ҷумъа зикр кард, ки Тоҷикистон дар соҳаи ҳамкории байнисоҳавӣ ва фаромарзии об кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Дар сиёсат ва идоракунии об, кишвар принсипҳои идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои обро пазируфта, ба ҳамкории бахшҳои калидӣ, аз қабили кишоварзӣ, энергетика ва муҳити зист барои таъмини истифодаи устувори об барои ҳама диққати махсус медиҳад.
-Тоҷикистон ба барномаҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи об сармоягузорӣ намуда, малакаи касбии онҳоро дар соҳаи идоракунии захираҳои об ва ҳамкорӣ баланд мебардорад. Ҳамин тариқ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мекунад, ки сармоягузорӣ ба таҳқиқот ва ҳалли инноватсионӣ метавонад мушкилоти марбут ба обро самаранок ҳал кунад, – афзуд Вазир.