Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири кишоварзӣ, моҳидорӣ ва захираҳои оби Салтанати Уммон доктор Сауд ибн Ҳамуд Ал-Ҳабсӣ дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (12-уми июн, Кохи Сомон) мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кишварҳо дар соҳаи об мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифт.
Инчунин, ҳамсуҳбатон доир ба масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, норасоии оби ошомиданӣ табодули андеша карданд.
Доктор Сауд ибн Ҳамуд Ал-Ҳабсӣ талошҳои Тоҷикистонро намунаи олӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбуот ба об ва тағйирёбии иқлим арзёбӣ кард.