Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо Мушовири давлатии Сарвазири Руминия хонум Михаэли Фрэсиняну мулоқот намуд (12-уми июн, Кохи Сомон).
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили об ибрози назар намуданд.
Зимни суҳбат ба захираҳои обии кишвар, иқтидори гидроэнергетикӣ ва энергияи барқароршавандаи таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Изҳори итминон карда шуд, ки ин мулоқот ба рушду таҳкими муносибатҳо ва ҳамкории судманди кишварҳо дар соҳаи энергетика ва об заминаи мусоид фароҳам меорад.