12-уми июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини Вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Халқии Хитой Сзу Лейминг мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ истифодаи оқилонаи захираҳои об, гузаронидани тадқиқот ва коркардҳои муштараки илмӣ дар соҳаи идоракунии самаранок ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ ва беҳтар кардани мелиоративии заминҳои обёришаванда, кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим, таҳия ва татбиқи якҷояи лоиҳаҳо дар соҳаи хоҷагии об ва ҷалби маблағҳои гуногуни молиявӣ барои татбиқи онҳо, мубодилаи иттилоотӣ, таҷриба дар соҳаи истифодаи технологияҳои сарфаи об, усулҳои пешрафтаи обёрӣ, техникаи обёрӣ, ченкунӣ ва баҳисобгирии об, тайёр кардани мутахассисон барои соҳаи об, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ ва минтақавӣ вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва мусоидат дар пешбурди ҳадафҳои ин ташаббуси Тоҷикистон дар меҳвари суҳбати тарафҳо қарор гирифт.