Таҳти ин унвон 12-уми июн дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо ибтикори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии канорӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа доир ба аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии устувори захираҳои обӣ суханронӣ намуда, муҳимияти Барномаи ислоҳоти соҳаро дар таъмини устувори об ба аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти кишвар дар шароити тағйирёбии иқлим зикр кард.
Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Шоимзода саҳми ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистонро дар расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал таъкид намуда, инчунин нақши муҳими шарикони байналмилалиро дар татбиқи бомуваффақияти Барнома баён дошт. Ӯ, инчунин вобаста ба таҷрибаҳои муваффақи идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва истифодаи усули НЕКСУС-ро (ҳамбастагии об-энергия-озуқа-муҳити зист) дар сатҳи ҳавза ихҳори андеша намуд.
Илова бар ин, дар рафти чорабинӣ Стратегияи миллии обии Тоҷикистон то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов то соли 2032 муаррифӣ шуда, шарикони рушд дар татбиқи ҳуҷҷатҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, GIZ, Бонки осиёии рушд ва Дафтари ҳамкории Швейтсария оид ба татбиқи ислоҳоти соҳаи об уҳдадории худро барои идомаи дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти обӣ дар кишвар тасдиқ намуданд.
Дар чорабинӣ нақши пешбарандаи Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонии об ва аҳамияти ҳамкорӣ дар пешбурди идоракунии устувори захираҳои об ва расидан ба ҳадафҳои амнияти обии кишвар таъкид гардид.