Стратегияи коммуникатсионии НБО “Роғун” рўйи кор меояд

18-уми июн дар қароргоҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ (Душанбе) доир ба таҳия намудани Стратегияи коммуникатсионӣ барои НБО “Роғун” бо иштироки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҶСК “Неругоҳи барқи обии “Роғун””, Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаҳои зериобшавандаи НБО “Роғун”” семинар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Зарина Нурмухамбетова, мушовир оид ба робитаҳои хориҷии БУ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Майкл Ховел, Директори Marchmont Communications, дар робита ба аҳамият ва муҳимияти коммуникатсия дар шароити имрӯза ибрози андеша намуданд.

Сипас, Сона Тхакур, корманди калони робитаҳои хориҷии БУ дар Осиёи Ҷанубӣ, тариқи маҷозӣ вобаста ба сохтмони НБО “Арун” (Непал) суҳбат намуд. Ӯ нақши коммуникатсияро дар бунёди ин иншоот муҳим арзёбӣ кард.

Инчунин, дар бораи нақши аудитория ва роҳҳои расонидани иттилоот ба аудитория ҳангоми таҳияи Стратегия байни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.