Аз 24-ум то 26-уми июн бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Меҳмонхонаи “Румӣ”) Конфронси минтақавӣ таҳти унвони “Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Ҳадафи конфронс мусоидат ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаи энергия ва самаранокии энергия, инчунин муайян кардани механизми савдои фаромарзии барқ мебошад.