Иштироки Далер Ҷумъа дар Ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои СҲШ

21-уми июн Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Қазоқистон дар шаҳри Остона баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар нишаст вазирон Стратегияи рушди ҳамкории энергетикии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030-ро баррасӣ ва ба тасвиб расонданд.

Санади мазкур самтҳои асосии ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ-ро дар соҳаи энергетика то соли 2030 муайян менамояд, аз ҷумла, дурнамои рушди иқтидори транзитии захираҳои энергетикӣ ва имконияти диверсификатсияи хатсайрҳои содиротӣ; ташаккули системаи нави энергетикӣ бо ташкили тавозуни афзалиятҳои рушди соҳа; навсозии манбаъҳои анъанавии энергия, такмили системавии соҳа; рушди технологияҳои инноватсионӣ ва илм дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБО), рушди энергетикаи водород; ҷустуҷӯи ҳалли нав дар соҳаи сарфаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергия.

“Дар Стратегияи тасдиқшуда, мо дар бораи зарурати пешбурди равиши мутавозин, рушди ҳам энергетикаи анъанавӣ ва ҳам барқароршаванда тибқи шароити миллии кишварҳои СҲШ ба мувофиқа расидем”, – гуфт пас аз қабули Стратегия Саткалиев Алмасадам, Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон.

Вазирон оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди рӯзномаи глобалӣ ва минтақавии энергетикӣ мубодилаи афкор намуда, рушди соҳаи энергетикаро, аз ҷумла имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ ва маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои ин соҳаро баррасӣ намуданд.

– Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро бо иқтидори 3 780 МВт идома медиҳад. То имрӯз ду агрегати ба истифода додашуд,а аллакай беш аз 5 миллиард кВт соат неруи барқ истеҳсол кардаанд. Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар оянда на танҳо амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд, балки дар афзоиши ҳаҷми содирот ба кишварҳои ҳамсоя низ саҳм хоҳад гузошт. Бояд қайд кард, ки 70% ҳаҷми истеҳсолшуда (тақрибан 10 млрд.кВт. соат) барои пӯшонидани талаботи афзоянда ба кишварҳои минтақа содир карда мешавад, – иброз дошт Далер Ҷумъа зимни суханронӣ.

Бояд гуфт, ки дар нишаст Саткалиев Алмасадам Маиданович, Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Сергей Мочалников, муовини Вазири энергетикаи Федератсияи Россия, Виктор Каранкевич, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Беларус, Меҳробиён Али Акбар, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Таалайбек Ибраев, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон, Ван Ҷинсун, муовини директори идораи давлатии энергетикии Чин, Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат доштанд.

Маълумотнома: Созмони Ҳамкории Шанхай – созмони минтақавӣ буда, майдони муҳим барои муколама ва ҳамкории кишварҳои иштирокчӣ мебошад. Имрӯз СҲШ тақрибан сеяки маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳон, 60% қаламрави Авруосиё ва 42% аҳолии сайёраро дар бар мегирад. Соҳаи энергетика дар доираи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ хеле муҳим аст, зеро он ба рушди тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла соҳаи иқтисодӣ мусоидат мекунад. СҲШ бузургтарин истеҳсолкунандагон, транзитерҳо ва истеъмолкунандагони захираҳои энергетикиро муттаҳид мекунад.