ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН. Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика тавсеа меёбанд

21-уми июн муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш тариқи маҷозӣ дар ҷаласаи дуюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламети Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат намуд.  

Дар ҷаласа, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон – шаҳри Остона баргузор гардид, Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлисӣ Олӣ ва дигар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок карданд.

Зимни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории дуҷониба байни парламентии давлатҳо баррасӣ гардид.

Шарифа Худобахш иброз дошт, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар содироти гази моеъ мебошад.

– Мо дар бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ аз таҷрибаи ғании Қазоқистон ва кишварҳои ҳамсоя истифода хоҳем бурд. Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи энергияи “сабз” бо кишварҳои минтақа ҳамкориро густариш медиҳад, – таъкид кард муовини вазир.