ДУРНАМОИ РУШДИ ЭНЕРГЕТИКАИ БАРҚАРОРШАВАНДА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

24-уми июн дар шаҳри Душанбе (Меҳмонхонаи “Румӣ”) таҳти ин унвон Конфронси минтақавӣ оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи Конфронс Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Йорк Шуграф, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ленни Монтел, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, USAID дар Тоҷикистон, коршиносони  кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.

Далер Ҷумъа зимни сухани ифтитоҳи аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки иштироки намояндагони сатҳи баланди давлатҳои ба мо дӯст, шарикони рушд дар чорабинӣ нишонаи таҳкими ҳамкороҳои тарафайнро дар худ таҷассум менамояд. Изҳори итминон карда шуд, ки чорабинии имрӯ

за барои тақвияти муколамаи судманд байни кишварҳои минтақа ва шарикони рушд нақши муҳим мегузорад.

Зикр гашт, ки тибқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, баланд бардоштани иқтидорҳои тавлиди неруи барқ ба 10 ГВт, ҳиёд намудани ҳаҷми содироти неруи барқ ба 10 млрд. кВт соат, паст намудани талафоти неруи барқ то 10%, таъмини 10%-и иқтидорҳои мавҷудбуда аз дигар сарчашмаҳо (офтоб, шамол ва ғайраҳо) пешбинӣ гардидааст.

– Дар бахши сармоягузории соҳаи энергетика аз соли 2001 то инҷониб 36 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 2,7 млрд. доллари амрикоӣ вобаста ба бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ, сохтмон ва барқарорсозии дигар иншоотҳои барқӣ татбиқ гардида, имрӯзҳо боз татбиқи 18 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 1,5 млрд. доллари амрикоӣ идома дорад. Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои калидии соҳа, то соли 2030 татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки аҳамияти маҳаллию минтақавидошта, аз ҷумла, лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб ва бод) бо иқтидори на кам аз 1500 МВт дар назар гирифта шудааст, – афзуд Далер Ҷумъа.

Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид карда, ки ҳамасола дар кишвар тахминан 98%-и неруи барқи истеҳсол гардида, ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Дар баробари паҳлӯҳои мусбии экологию молиявӣ доштани ин нишондиҳанда, ин вобастагиро аз ҳаҷми резиши об дар дарёҳои кишвар ва вазъи обу ҳаво дар шароити тағйирёбии иқлим, ба таври назаррас зиёд менамояд.

Дар робита ба ин ва бо мақсади иҷрои яке аз нишондиҳандаҳои калидии бахши энергетикаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, яъне диверсификатсиякунонии иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ аз дигар манбаъҳо, имрӯзҳо ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати бунёд намудани неругоҳҳои барқи офтобӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси минтақавӣ зери унвони «Дурнамои рушди энергияи аз манбаъҳои барқароршаванда тавлидшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми се рӯз (24-26-уми июн) идома меёбад.

Бояд гуфт, ки дар рӯзи якуми Конфрон се сессия – Вазъи кунунии рушди энергетикаи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ ва ташаббусҳои ҷорӣ дар самти иқтисоди сабз; Рушди энергетикаи барқароршаванда: вазъ ва мушкилот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ; Лоиҳаи USAID “Энергетикаи Осиёи Марказӣ”: Таҳкими заминаи техникӣ ва меъёрӣ барои афзоиши сармоягузорӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон баргузор гашт.

Ҳадафи конфронс мусоидат ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаи энергия ва самаранокии энергия, инчунин муайян кардани механизми савдои фаромарзии барқ мебошад. Инчунин, Конфронс ба омӯзиши амиқи таҷрибаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар арзёбии захираҳои офтобӣ ва бодӣ мусоидат намуда, кишварҳоро барои рушди иқтидори худ дар истеҳсол ва истифодаи энергияи барқароршаванда ташвиқ хоҳад кард. Чорабинӣ имкон фароҳам меорад, ки мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва тавсияҳо оид ба фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва вазифаҳои энергетикӣ пешниҳод карда шавад.