Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия

 26-уми июн таҳти раёсати Усмоналӣ Усмонзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия (захираҳои офтобию бодӣ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Саридораи геология, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҶСК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Тибқи рӯзнома, дар ҷамъомад пешниҳоди ширкатҳои молиявӣ оид ба бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар ҳудуди кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.