26-уми июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандон ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ҳамоиши идона доир гашт.
Дар оғози чорабинӣ Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ҳозиринро ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ ва нусратбахши миллӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, баён дошт, ки бисту ҳафт соли сипаришуда собит кард, ки барои давлати тоҷикон ва миллати тоҷик неъмати азизтар ва бузургтар аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, ки меъмори он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, вуҷуд надорад.
– Маҳз дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат кулли соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, соҳаи энергетика рушд намуда, Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаву мутараққӣ табдил ёфта, ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст, – афзуд Вазир.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, он давлат рушд намуда, аз ҷиҳати фарҳангӣ ва сиёсӣ пеш меравад.
Гуфта шуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ, бархӯрдҳои геополитикӣ зарур аст, ки дар барафрохтани кохи шукӯҳманди Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадсолоронаи Пешвои миллат, баҳри татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, ҳисси баланди сарҷамъиву муттаҳидӣ нишон дода, ба қадри соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ бирасем ва шукргузори ин неъмати бебаҳо бошем.
Дар идома роҳбарият ва кормандони Вазорат доир ба нақши ваҳдати миллӣ дар ташаккули давлату миллат ва аҳамияти таърихии Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ баромад намуданд.