1-уми июл дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва захираҳои об, Файсал Карим, Губернатори музофоти Хайбар-Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистонро, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, дар доираи Лоиҳаи CASA-1000 ибрози назар намуданд.
Инчунин, доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ ба соҳаҳои энергетика ва истихроҷи нафту гази Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
Дар охир таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб барои таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд ҳавасманд мебошанд.