4-уми июл дар Вазорати энергетика ва захираҳои об Маҷлиси умумии ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Энергетика ва захираҳои об” баргузор гардид. Дар кори он Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, Садриддин Ширинбекзода, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи марказии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зоҳир Ҳабибзода ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.
Тибқи рӯзнома, дар маҷлис 5 масъала баррасӣ гардид.
Нахуст Далер Ҷумъа доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Энергетика ва захираҳои об” дар соли 2023 ҳисобот дод.
Мувофиқи рӯзнома, аъзои раёсат, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз нав интихоб гардиданд. Номзадии Далер Ҷумъа ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Энергетика ва захираҳои об” пешбарӣ шуда, аз ҷониби аъзоёни ҳизб ҷонибдорӣ гашт.
Ба симмати муовини раис Наим Раҳимзода интихоб гардид.
Тибқи масъалаи ниҳоии рӯзнома, номзадии як аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Энергетика ва захираҳои об” ҳамчун вакил ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии XLIV (44-уми) Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино пешбарӣ шуд.
Пас аз баррасии масъалаҳо, Садриддин Ширинбекзода оид ба фаъолияти ҲХДТ ва нақши он дар муттаҳид намудани ҷомеа суханронӣ намуда, аз ҷумла, зикр кард: “Имрӯз аъзои ҲХДТ-ро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа мебошад, муттаҳид менамоянд. Аъзоёни ҲХДТ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи 30 соли фаъолият дар масири ташаккули миллат, эҳёи таъриху фарњанг ва бунёди давлати мустақили миллӣ корҳои бузургеро барои расидан ба мақсадҳои наҷиби ватандорӣ амалӣ карда истодаанд”.