5-уми июл дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, бо хонум Айтен Рустамова, директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Осиёи Марказӣ, вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин, ҷонибҳо доир ба лоиҳаҳои CASA-1000, “Таҷдиди НБО “Қайроққум””, “Кам намудани талфоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб”, азнавсозии зеристгоҳи барқии “Суғд-500” ва омӯзиши бозори энергетикии Тоҷикистон дар мавриди ҷалби сармоя барои рушди соҳаи электроэнергетика табодули афкор намуданд. Ҳамзамон, диққати махсус ба маблағгузории лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон равона гардид.
Изҳори итминон шуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, тавсеа меёбанд.