10-уми июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид. Дар кори он Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, ҳамзамон намояндаи Ҳукумати кишвар дар ноҳияи Роштқалъа, тариқи маҷозӣ ширкат намуд.
Зикр гашт, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ 28,2 миллион сомонӣ, саноатӣ 2217,4 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 567 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва 342,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ зиёд гардидааст. Дар маҷмуъ, ин нишондиҳанда 30 млн. 418 ҳазор сомониро ташкил дод.
Яке аз иншооти муҳиме, ки дар ноҳия бунёд шуда истодааст, НБО “Себзор” ба ҳисоб меравад. Маблағи лоиҳавии неругоҳ 684 млн. сомониро ташкил дода, ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ба маблағи 165 млн. 569 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст. Инчунин, дар 61 иншооти дигар, аз ҷумла, сохтмони бинои истиқоматии 25-ҳуҷрагӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар маркази ноҳия, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Роштқалъа, муасиссаи таълимии замонавӣ барои 640 хонанда, беморхонаи марказӣ ва касалиҳои сироятӣ, тарабхонаҳои хусусӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Дар баробари ин, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил гардидани Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи чорабиниҳоро иборат аз 205 банд тартиб дод шудааст. Иҷрои 153 банди нақша солҳои 2022-24 дар назар буда, то ҳол 88 бандашон ба маблағи 52 млн. 482,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, дар 41 банд ба маблағи 258 млн. 736,6 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ рафта истодааст.
Тибқи маълумот, дар шаш моҳи соли равон нақшаи буҷети ноҳия (3491152 сомонӣ) дар ҳаҷми 113,2 фоиз (3951229 ҳазор сомонӣ) таъмин гардид.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар нимсолаи якум дар ҳаҷми 23340726 сомонӣ нақшабандӣ гардида, ба ҳолати 1 июли соли 2024 ба маблағи 21510571 сомонӣ (92,2 фоиз) иҷро шуд.
Дар охир вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 муайян гардида, доир ба сари вақт ва сифатнок иҷро намудаи дастуру супориш, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, супоришҳои раиси ВМКБ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.