11-уми июл ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, ҳисоботи Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар нимсолаи якум шунида шуд.
Сипас, нақша ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирфит.
Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масъалаҳои муҳокимагашта қабул гардид.