Муаррифии натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд дар СММ

12-уми июли соли 2024 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар чорабинии канории Тоҷикистон, ки дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) дар мавзуи “Аз Душанбе то Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF): истифодаи шарикӣ барои баланд бардоштани самаранокии масъалаҳои об” дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур ин муаррифии натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки дар доираи “Раванди оби Душанбе” (10-13-уми июн, соли 2024,  Тоҷикистон) буд.
Ҳоким Холиқзода зимни суханронии худ бо қаноатмандӣ қайд кард, ки ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла “Раванди оби Душанбе” дар давоми ду даҳсола кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли он муттаҳид месозанд. Ӯ инчунин итминон дод, ки натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ба Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024), инчунин раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 ва Конфронси оби СММ дар соли 2028 дар Душанбе саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Чорабинии канорӣ як платформаи муҳимро ҷиҳати муҳокима ва пешбурди ҳалли масъалаҳои марбут ба об тавассути шарикии глобалӣ фароҳам овард.
Иштироккунандагони чорабинӣ зимни суханронӣ аз нақши боризи кишвар дар пешбарии масъалаҳои об гуфта, омодагии худро барои дастгирии Тоҷикистон ва ташаббусҳои марбут ба оби он баён намуданд.
Нишасти мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (UNDESA), СММ-Занон (UN WOMEN), Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR), Дафтари СММ оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб (UNOSSC) ташкил карда шуд.