15-уми июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (Ню-Йорк, ИМА) вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) бо намояндаи вежаи оби Шоҳигарии Нидерланд хонум Майке ван Гиннекен мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории муштараки кишварҳо дар татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, пешбарии мавзуи об дар платформаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 29) сухан ронданд.
Хонум Майке ван Гиннекен, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (10-13-уми июн, Душанбе) иштирок карда буд, таассуроти худро аз натиҷаҳои бомуваффақи ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ баён дошт.
Изҳори боварӣ намуданд, ки талошҳои пайгиронаи кишварҳо барои ҳалли яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ – дастраси ба об мусоидат хоҳад кард.