ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Корҳои омодагӣ тақвият меёбанд

18-уми июл бо мақсади омода намудани соҳаи энергетикаи кишвар ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шарифа Худобахш ҷаласа баргузор гардид.
Дар кори он роҳбарону намояндагони соҳаи энергетика иштирок намуданд.
Нахуст, корҳои анҷомёфта дар ин самт ва мушкилоти ҷойдошта баррасӣ гардид.
Сипас, барои бе мушкилот сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз масъулони соҳа, аз ҷумла, Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ, ҶСК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Шабакаҳои тақимоти барқ” ва дигар сохторҳо тақозо гардид, фаъолият дар ин самт тақвият дода шавад.