16-уми июли соли 2024 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) бо муовини вазир оид ба рақобатпазирӣ ва табодули таҷрибаи Девони вазирони Аморати Муттаҳидаи Араб Абдулло Лутаҳ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот мавзуъҳои мубрами ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар самти обу энергетика ва ҳифзи пиряхҳо дар доираи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP) баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи рушди ҳамкориҳои судманд иброз доштанд.