Иштирок дар Чорумин чорабинии махсуси солона роҷеъ ба ҲРУ/SDG 6

16-уми июли соли 2024 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Чорумин чорабинии махсуси солона роҷеъ ба Ҳадафҳои рушди устувор ҲРУ/SDG 6 ва Рӯзномаи амал оид ба об, ки аз ҷониби ниҳоди СММ – об (UN Water) дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) ташкил гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ вазири энергетика ва захираҳои об гуфт, ки Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об, ки моҳи марти соли 2023 бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор гардид, ҷаҳонро атрофи масъалаи об бо ҳам муттаҳид сохт.
Ӯ афзуд, ки ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, “Раванди оби Душанбе” давоми ду даҳсола кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро ҷиҳати муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли он муттаҳид месозанд.
Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои худ дар Рӯзномаи амал оид ба об, уҳдадор шудааст, ки “Раванди оби Душанбе”-ро ҷиҳати пайгирии Конфронси оби СММ 2023, бахусус, барои дастгирии татбиқи он истифода барад.
Гуфта шуд, ки раванди мазкур ҳамчун як платформаи муколама байни ҷонибҳои манфиатдор хидмат хоҳад кард ва Тоҷикистон омода аст, ин равандро минбаъд густариш диҳад.
Дар робита ба ин, зикр гардид, ки Тоҷикистон, яке аз аввалинҳо шуда, ҷиҳати фаъолсозии “Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо”, саҳми молиявии худро гузошт.
Ҳамзамон, аз иштирокдорони чорабинӣ барои ширкат дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал оварда шуд.