Вазорати энергетика ва захираҳои об ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки давоми моҳҳои май-июни соли 2024 маҳдудияти интиқоли гази моеъ аз давлатҳои содироткунандаи гази моеъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ нагардидааст. То моҳи июли соли 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 195,4 ҳазор тонна гази моеъ воридот шудааст. Ҳамзамон, бо назардошти зиёд шудани автомобилҳои барқӣ талабот ба гази моеъ тамоюли камшавӣ дорад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳаҷми воридот барои таъмини бозори дохилӣ басанда буда, камчинии он дар анборҳои воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дида намешавад.
Аммо, бо мақсади риояи талаботи бехатарӣ дар мавсими гармӣ, тибқи “Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ” дар давраи тобистон ҳангоми баланд шудани ҳарорат, фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, зарурати ба роҳ мондани баъзе махдудиятҳо ба миён меояд.
Бояд гуфт, ки талаботи бехатарии фавқуззикр дар ҳамаи кишварҳои содиркунандаи гази моеъ риоя ва маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд. Инчунин, дар ин давра корхонаҳои истеҳсолкунанда корҳои таъмиру барқарорсозӣ анҷом медиҳанд, ки метавонад боиси кам шудани воридоти гази моеъ дар мавсими муайян гардад.
Иттилоъ медиҳем, ки чанде қабл Ҷумҳурии Қазоқистон эълон кард, ки барои нигоҳ доштани сатҳи истеҳсоли гази моеъ дар ояндаи наздик ба нархҳои гази моеъ ислоҳот ворид менамояд.
Бинобар ин, хоҳиш мекунем, ки то муътадил шудани шароити иқлимӣ, ба нигаронӣ дода нашавед. Масъалаи тағйири нархҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад.
4 thoughts on “Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад”
Обсуждение закрыто.