ПРЕСС-РЕЛИЗ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нимсолаи якуми соли 2024

25-уми июл, соати 13:00 дар толори маҷлисгоҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои марбут ба Вазорат дар шашмоҳаи якуми соли 2024 баргузор мегардад. 

Бинобар ин, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигорони мустақилро эҳтиромона даъват менамоем.

ПРЕСС-РЕЛИЗ

оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024

Дар нимсолаи якуми соли 2024 корхонаю муассисаҳои соҳаҳои марбут ба Вазорати энергетика ва захираҳои об фаъолияташонро дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои соҳавии рушди энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ равона намуда, дар доираи салоҳияту уҳдадориҳои худ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати ягонаи энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обии кишвар, аз ҷумла, дар самти бунёд ва таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии энергетикӣ, сохтмон ва таъмири инфрасохтори энергетикӣ, афзоиши имкониятҳои содиротӣ корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2024, истеҳсоли  неруи  барқ дар ҷумҳурӣ (бо дарназардошти НБО-ҳои хурд) 10 млрд. 366,9 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393,4 млн. кВт. соат кам буда, суръати афзоиш 92,8 % таъмин карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби барқистеҳсолкунандагон чунин ба қайд гирифта шуд:

  • дар ҶСК “Барқи Тоҷик” 7 млрд. 950,2 млн. кВт. соат, ки дар ќиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 76,8 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 101%;
  • дар ҶСК “НБО Сангтӯда-1” 1 308,8 млн. кВт. соат, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76,7 млн. кВт. соат кам буда, суръати афзоиш 94,5%;
  • дар НБО “Сангтӯда-2” 393,6 млн. кВт. соат, ки дар муќоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 36,9 млн. кВт. соат кам буда, суръати афзоиш 91,4%,
  • дар ҶСК “Помир Энерҷӣ” 111,7 млн. кВт. соат, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 104%;
  • дар ҶСК НБО “Роғун” 602,7 млн. кВт. соат, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 361 млн. кВт. соат кам буда, суръати афзоиш ба 62,5 %;
  • неругоҳҳои хурди ҷумҳурӣ 5,3 млн. кВт. соат баробар гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ хароҷоти технологии неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК «Барқи Тоҷик», дар маҷмуъ, 35,3 млн. кВт. соат ё 0,44%-и барқи истеҳсолшударо ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 млн. кВт. соат ё 9 % кам мебошад.

Ҷамъоварии умумӣ аз бозори дохилӣ 86.9 % ё 2 млрд. 266.8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11.7 млн. сомонӣ ё 0.5 % кам мебошад. Ҷамъоварӣ аз ҳисоби аҳолӣ 933.2 млн. сомонӣ ё 88.7 % иҷро гардид, ки нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 141.5 млн. сомонӣ ё 17.1 % зиёд гардидааст. Дар нимсолаи якуми соли 2024 арзиши миёнаи неруи барқ 36,2 дирамро ташкил намуда, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9 дирам ё 19,5 % зиёд гардидааст.

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 маблағи қарзи дебитории неруи барқ бо назардошти  қарзҳои солҳои пешин 3 млрд. 831,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла, аҳолӣ 1 млрд. 626,4 млн. сомонӣ, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 492,5 млн. сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 134,3 млн. сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зиёда аз 87,2 млн. сомонӣ, КВД “Обу корези ҷумҳурӣ” 113,3 млн. сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 млрд. 377,6 млн. сомониро ташкил дод.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 корҳо дар доираи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла, лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд””, лоиҳаи «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум””, “Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000””, “Марҳилаи якуми таҷдиди НБО “Норак””, “Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ”, “CASA-1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа”, “Электрофикатсияи деҳот”, “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ”, “Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон” (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), “Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика” (Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара») идома дода шуд.

Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда дар ҳаҷми 1 431 млн. доллари ИМА маблағ ҷалб карда шудааст.

Илова бар ин, татбиқи 7 лоиҳаи дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони “НБО Себзор”, лоиҳаи “Электрофикатсияи деҳот” (қисмати ВМКБ), “Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хатти интиқоли барқи 110 кВ-и Хоруғ-Шуғнон” (марҳилаи 1), “Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хатти интиқоли барқи 110 кВ-и Хоруғ-Шуғнон” (марҳилаи 2), “Лоиҳаи самаранокии неруи барқ ва энергияи барқароршаванда” ё худ сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ-и Вамар, асосноккунии техникии неругоҳи Чарсем ва сохтмони 10 км хатти интиқоли барқи 35 кВ-и Нулванд-Зигар, Бунёди неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 3 МВт дар ноҳияи Шуғнон, лоиҳаи васеъкунии неругоҳи 800 кВ-и неругоҳи офтобӣ дар Мурғоб бо иқтидори иловагӣ ва лоиҳаи “Энергияи хусусии Помир, марҳилаи 3” бо маблағи умумии 133 млн. доллари ИМА идома дода шуданд.

Соҳаи захираҳои об. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон вобаста ба об, аз ҷумла, Вазорат дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018– 2028” (10-13 июн, Душанбе) баргузор намуд.

Дар доираи Конфронси мазкур Вазорат дар якҷоягӣ бо шарикони рушд як қатор форумҳо ва ҷаласаҳои канориро ташкил ва баргузор намуд. Аз ҷумла: Форуми сеюми минтақавии ташкилотҳои ҳавзавии Осиёи Марказӣ, форуми Осиёи Марказӣ “Об ва тағйирёбии иқлим”, Форуми Африқо, чорабинии канорӣ “Рушди суръат – аз COP 28 то COP 29” – беҳтар намудани натиҷаҳои об барои амалҳо ба тағйирёбии иқлим, чорабинии канорӣ “Нақши ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон ҷиҳати ноил гардидан ба мақсад ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028” ва инчунин ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об.

Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳи Конфронс гӯшаи Вазорати энергетика ва захираҳои об ташкил карда шуда, дар он таҷрибаи кишвар дар идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, ташаббусҳои глобалии кишвар дар соҳаи захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо, иқтидори энергияи барқароршавандаи кишвар, аз ҷумла, гидроэнергетика, энергияи офтоб ва энергияи бод муаррифӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар кори Конфронси оби Душанбе, зиёда аз 70 ҳайати расмии кишварҳои узви СММ ва 200 созмони байналмилаливу минтақавӣ, аз љумла, Раиси Иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис, Муовини Дабири кулли СММ Ли Ҷунхуа, Мудири Кулли ЮНЕСКО Одри Азулай, Узви Раёсати Босния ва Ҳерсеговина Желка Тсвиянович, Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима, Ноиби якуми Президенти Зимбабве Чивенга Константино, Ноиби Президенти Ангола Эсперанза Дакошта, Ноиби Президенти Замбия Мутале Налуманго, Президенти Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC) Паула Нарвез Ойеда, Президенти Бонки Исломии Рушд Муҳаммад Ал-Ҷассер, Котиби давлатии Ватикан кардинал Петро Паролин, Директори глобалии Таҷрибаи глобалии оби Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳамраиси Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе Сароҷ Кумар Ҷҳа ширкат варзиданд.

Дар маҷмуъ, Конфронси Душанбе мизбони тақрибан 2500 ширкаткунанда аз ҳисоби намояндагони сатҳи баланди кишварҳои узв, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, бахши хусусӣ ҷомеаҳои шаҳрвандӣ аз саросари дунё гардида, дар давоми се рӯз масъалаҳои мубрами соҳаи обро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаҳои “Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва “Барномаи давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032” омода ва бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар пурра мувофиқа гардида, рӯзҳои наздик ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ирсол мегардад.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби ташкилоту идораҳои марбут ба истифодаи об аз сарчашмаҳои гуногуни обгирӣ зиёда аз 4391,0 млн.м3 гирифта шудааст, ки истифодаи ҳақиқии он бе талафот 3536,6 млн.м3-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 1717,7 млн.м3 ба мақсади обёрӣ,  84,1 млн.м3 бо мақсади таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолӣ, 0,25 млн.м3 бо мақсади обтаъминкунии деҳот, 51,5 млн. м3 бо мақсади моҳипарварӣ, 1131,5 млн. м3 бо мақсади истифода дар НБО-ҳо, МБГ 1 ва 2-и шаҳри Душанбе ва 551,6 млн. м3  дар дигар соҳаҳо об истифода намудаанд.

Соҳаи нафту газ. Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 783,8 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, дар ҳаҷми 73,5 ҳазор тонна ё  10,3 % зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 156,5 млн. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 млн. м3 зиёд мебошад.

Дар доираи тавозуни индикативӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ 524,2 ҳазор тоннаро ташкил намуд. Аз ҷумла, бензини автомобилӣ 236,6 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ 223,2 ҳазор тонна,  сӯзишвории реактивӣ 22,7 ҳазор тонна, мазут 62 тонна, битум 27,9 ҳазор тонна, равғанҳои молиданӣ 5,4 ҳазор тонна ва гази моеъ 8,2 тонна.

Воридоти маҳсулоти нафтӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,6 ҳазор тонна ё 14,3 % зиёд буда, 54 % иҷрои нақшаи тавозуни индикативиро ташкил медиҳад.