25-уми июли соли 2024 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024, бо иштироки роҳбарияти Вазорат ва намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла, шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Синамо”, “Баҳористон”, АМИТ “Ховар”, агентиҳои иттилоотии “Азия Плюс”, “Рейтер”, “ТАСС”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои Мардум”, “Халқ овозӣ”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Паёми Душанбе”, “Минбари халқ”, “Мароми Пойтахт”, “Фараж”, “Пайк”, “Баҳори Аҷам”, “Ба қуллаҳои дониш” радиоҳои “Садои Душанбе”, “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Озодӣ”, “Овози Тоҷик”, “Радиои бурунмарзӣ”, сомонаҳои “Your.tj”, “Halva.tj”, “radiotoj.tj” ва “vot.tj” баргузор гардид.
Дар рафти нишасти матбуотӣ бештар мавзуъҳои таъмини устувори неруи барқ, фаъолияти неругоҳҳои барқи обии мамлакат, содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар, лоиҳаҳои бахши энергетика, истифодаи захираҳои обӣ дар миқёси минтақа, вазъи истихроҷи маҳсулоти нафтӣ, газ, воридоти маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ ва дигар масъалаҳои соҳа бозтоб шуданд.