Вохӯрӣ бо роҳбарияти Вазорати сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ширкати FАS Energy

25-уми июли соли 2024 дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об бо роҳбарияти Вазорати сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ширкати FАS Energy баргузор гардид.

Зимни суҳбат Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об, аз иқтидорҳои бузурги энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки айни замон, танҳо 5 фоизи он мавриди истифода қарор дорад.

Муколама дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт ва ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ширкати FAS Energy барои сармоягузорӣ намудани лоиҳаҳои бахши энергетика, аз ҷумла, манбаъҳои барқароршавандаи энергия изҳори омодагӣ намуданд.