26-уми июли соли 2024 бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, Директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Мирзо Маҳмудзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва Директори бахши иқтисодии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи Директори дафтари USAID дар Тоҷикистон Каролин Апфхэм дар ноҳияи Рӯдакӣ зеристгоҳи барқии 110/10 кВ-и «Дӯстӣ» ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои масъулон, зеристгоҳи барқии навбунёд, имкон фароҳам меоварад, ки сокинони ҷамоатҳои деҳоти Мирзо Турсунзода, Чоргултеппа, шаҳраки Сомониён, деҳаҳои Кӯктош, Стаханов, Чорсӯ ва 8-уми Март, инчунин, корхонаҳои саноатии ноҳияи Рӯдакӣ бо барқи боэътимод таъмин гарданд.
Дар баробари ин, қисман зеристгоҳҳои барқии 220/110/10 кВ-и «Дарёканор» ва 35/10 кВ-и «Мадад» аз серборӣ озод мегарданд.
Зеристгоҳи барқии «Дӯстӣ» аз ҷониби сохтмончиёни филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Душанбе дар муддати се моҳ бунёд шудааст.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа баъд аз расми ифтитоҳ ва боздиди зеристогоҳ бо сохтмончиён суҳбат намуда, сифати корҳоро хуб арзёбӣ намуд.