Саволномаи озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Кадом моддаи Конститутсия ба хизмати давлатӣ бахшида шудааст?
Моддаи 27 (Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд).
- Тибқи Конститутсия самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар Тоҷикистон кӣ муайян мекунад?
Президент (Моддаи 69)
- Принсипи волоияти Конститутсия ва қонун чӣ маъно дорад?
Дар давлати ҳуқуқбунёд ин принсип дар асоси қонун татбиқ гардидани истифодаи ҳокимият ҳангоми муносибати байни ҳокимияти қонунгузор, иҷроияю судӣ ва муносибати байни давлату шаҳрвандро таҷассум менамояд. Дар давлати ҳуқуқбунёд қонун мақоми олӣ дошта, риояи он ҳатмӣ аст.
- Соҳаи хизмати давлатиро кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим менамояд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (5 марти соли 2007)
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кадом асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатиро муайян менамояд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (5 боб ва 45 модда) асосҳои ҳуқуқии ташкилу адо, вазъи ҳуқуқӣ, кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
- Хизмати давлатӣ чист?
Хизмати давлатӣ – пеш аз ҳама фаъолияти касбӣ буда, дар дастгоҳи давлатӣ ва мақомоти давлатӣ сурат мегирад.
- Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳоянд?
Хизматчиёни давлатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро ишғол намудаанд ва барои ба амал баровардани уҳдадориҳои мансабии худ аз буҷети дахлдори давлатӣ музди меҳнат мегаранд. Мансабҳои муздноки давлатии ишғолнамудаи онҳо ба ду мақсад равона карда шудаанд:
– таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ;
-амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ. (Ниг. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» моддаи 1 банди 7).
- Мансабӣ давлатӣ чист?
Мансаби давлатӣ воҳиди сохтории мақомоти давлатӣ мебошад. Доираи салоҳияти мансаб пеш аз ҳама Конститутсия (Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ, вакили маҷлиси намояндагон, Сарвазир, Прокурори генералӣ ва ғ.) дар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, низомномаҳо ва дигар санадҳои таъсисии мақоми давлатӣ пешбинӣ карда мешаванд.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд?
Хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчуни институти муҳимтарини сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ (қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, кодексҳо), дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷӣкистон, низомномаҳо ва ғ.) инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, танзими ҳуқуқии худро ёфтааст.
- Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷониби кӣ муайян карда мешавад?
Самтҳои асосии сиёсати давлатии соҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи қонунгузории марбута аз ҷониби Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
- Ба низоми хизмати давлатӣ кадом намуди хизмати давлатӣ дохил мешавад?
Ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд: хизмати давлатии шаҳрвандӣ, хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмати давлатии ҳарбӣ.
- Кадом санади меъёрии ҳуқуқии аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бармеомада ба хизмати давлатӣ ворид шудан ё нашудани мақоми давлатӣ ва хизматчиёни давлатии онро муайян мекунад?
Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад.
- Мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ чӣ ном дорад ва ба кӣ ҳисоботдиҳанда мебошад?
Мақоми ваколатдори давлатӣ барои татбиқи сиёсати ягонаи соҳаи хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2001 №475 таъсис дода шудааст. Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
- Мафҳуми давлат?
Давлат – ин ташкилоти махсуси универсиалии ҳокимияти сиёсӣ дар ҷамъият буда, аз дигар ташкилотҳои сохти ҷамъияти ибтидоӣ тавасути нишонаҳои худ, бо таъинот ва сохтори мақомотҳое, ки барои идоракунии сохахои хаёти ҷамъияти нигаронида шудааст, фарқ мекунад.
- Ҳуқуқ чист?
Ҳуқуқ – низоми қоидаҳои ба ҳама ҳатмии рафтор буда аз тарафи давлат қабул ва тасдиқ гардида, муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
- Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон?
Ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дараҷаи эътибори ҳуқуқиашон дохил мешаванд:
- – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи раъйпурсӣ қабул гардидааст;
- – қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – кодекс;
- – қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- – қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- -санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идорикунии давлатӣ;
- – санадҳои Маҷлисҳои вакилони халқӣ вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- – санадҳои раисони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- – санадҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- – санадҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки нисбат ба онҳо дараҷаи баланди эътибори ҳуқуқӣ доранд, мувофиқ бошан.
- 17. Қонуни бо роҳи раъйпурсӣ қабулгардида чист?
Қонуни бо роҳи раъйпурсӣ қабулгардида санади меъёрии ҳуқуқиест, ки аз ҷониби шаҳрвандон бо овоздиҳии умумихалқӣ қабулгардида, масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳуриро танзим мекунад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё бекор кардани қонунҳое, ки бо роҳи раъйпурсӣ қабул гардидаанд, танҳо бо роҳи раъйпурсӣ сурат мегирад.
- 18. Қонуни конститутсионӣ чист?
Қонунҳои конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки зарурияти қабули он дар Конститутсия пешбинӣ шуда, мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти қонунгузор ва ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул карда мешавад ва муносибатҳои махсусан муҳими ҷамъиятиро танзим менамояд. Қонунҳои конститутсиони бевосита аз меъёрҳои дахлдори Конститутсия сарчашма гирифта бевосита амали гаштани меъёрҳои конститутсиониро таъмин менамоянд.
- 19. Қонун чист?
Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти қонунгузор ва ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад.
- 20. Қонун чанд намуд мешавад?
Қонун асосан 3 намуд мешавад:
а) қонуни бо роҳи райъпурсӣ қабулгардида
б) қонуни кониститутсионӣ
в) қонуни муқарарӣ
- 21. Маънои Конститутсия чист?
Конститутсия аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш «Муайян кардани сохти қонуни асосӣ» мебошад.
- 22. Кодекс чист?
Кодекс қонуни ягона ва мураттабгаштаи дорои сатҳи баланди муайянияти мантиқӣ аст, ки тавасути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад.
- 23. Ҳокимият ба чанд шоха таҷзия мешавад?
Тибқи моддаи 9 Конститутсия ҳокимият ба се шоха таҷзия мешавад:
а) ҳокимияти қонунгузор;
б) ҳокимияти иҷроия;
в) ҳокимияти судӣ.
- 24. Дар Тоҷикистон якумин маротиба кадом сол Конститутсия қабул карда шудааст?
Соли 1929.
- 25. Дар Тоҷикистон чанд маротиба Конситутсия қабул шудааст.
5 маротиба (солҳои 1929, 1933, 1937, 1978, 1994).
- 26. Ба Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст?
3 маротиба (солҳои 1999, 2003, 2016).
- 27. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кӣ эътироф риоя ва ҳифз менамояд?
Тибқи моддаи 5 Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
- 28. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷой, мансаб ва нақши мақоми давлатӣ, амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои давлат, татбиқи салоҳияти мақомоти давлатӣ, хусусияти ваколати мансабҳои мушаххас ва аҳамияти онҳо дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ тақсми мешаванд.
- 29. Ба мансабҳои хизмати давлатии сиёсӣ хизматчиёни давлатӣ дар кадом асос таъин мегарданд?
Ба хизмати давлатии сиёсӣ қабул шудани хизматчиёни давлатӣ ё шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия (моддаи 69) ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
- 30. Озмун чӣ гуна чорабинӣ аст, ба кадом хотир ва дар кадом асос гузаронида мешавад?
Озмун дар мақоми давлатӣ барои ишғоли мансаби холи маъмурии хизмати давлатӣ бо мақсади интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои беҳтарин ба хизмати давлатӣ ба тариқи суҳбат гузаронида мешавад. Гузаронидани озмун яке аз вазифаҳои асосии хизмати давлатӣ буда, барои татбиқи принсипи дастрасию баробарии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ ва таъмини шаффофияти он муқаррар шудааст. Озмун имкон медиҳад, ки ҷойҳои холишударо дар хизмати давлатӣ кадрҳои варзида, босалоҳият, донишманд ва идоракунанда ишғол намоянд. Озмун дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ», ки аз 7 апрели соли 2007 №323 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
- Мансабҳои маъмурии хизмати давлатиро ба ғайри бо тариқи озмун ишғол намудан боз чӣ гуна ишғол кардан мумкин аст?
Баъди ба хизмати давлатӣ дохил шудан дар доираи мақоми давлатӣ бо мақсади таъмини болоравии касбии хизматчии давлатии маъмурие, ки дар асоси қарори комиссияҳои аттестатсионии мақоми давлатӣ ба захираи кадрҳо ва барои ишғоли мансабҳои баландтари маъмурии хизмати давлатӣ тавсия гирифтааст, инчунин аз як мансаб ба мансаби дигари холии мансуб ба як категория гузаронидани хизматчии давлатии маъмурӣ дар дохили мақоми давлатӣ ба мақоми дигари давлатӣ гузаронидани хизматчии давлатӣ, аз ҷумла зимни азнавташкилкунии мақоми давлатӣ, дар асоси озмун сурат мегирад.
- Санади меъёрии байналхалқие, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои хизматчиёни давлатиро ҳимоя намудааст?
Соли 1978 аз ҷониби Конференсияи Кулли Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат Конвенсияи муносибатҳои меҳнатӣ дар хизмати давлатӣ қабул шуд. Дар моддаи 9 ҳамин ҳуҷҷат (Конвенсия) пешбинӣ шудааст, ки хизматчиёни давлатӣ мисли дигар меҳнаткашон аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ истифода карда, дар баробари ин, уҳдадориҳои ҳуқуқӣ ва хусусияти вазифаҳое (мансабҳое), ки бояд хизматчии давлатӣ онҳоро иҷро намояд, риоя мекунад.
- Вазифаҳои ҳаррӯзаи хизматчии давлатӣ дар кадом ҳуҷҷати дохили идоравӣ муайян шудааст ва моҳияти онро чӣ гуна тафсир кардан мумкин аст?
Вазифаи ҳаррӯзаи хизматчии давлатӣ дар ҳуҷҷати аз ҷониби роҳбари мақоми давлатӣ тасдиқшаванда «Уҳдадориҳои мансабӣ» ё «Дастурамали мансабӣ» муайян карда мешавад. Уҳдадориҳои мансабӣ ин уҳдадориҳои пешбининамудаи мансаби мушаххаси давлатии ҷавобгӯи мақсад ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ буда, хизматчии давлатӣ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонун ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ онро иҷро менамояд. Дар ин ҳуҷҷат дар бобҳои алоҳида аслан самтҳои асосии фаъолияти хизматчии давлатӣ: вазифа, ҳуқуқ, уҳдадорӣ, ҷавобгарӣ ва талаботи тахассусӣ нисбати мансаби мазкур муайян карда мешавад.
- Давомнокии фаъолияти кори хизматчии давлатӣ дар як рӯз чанд соат муқаррар карда шудааст ва риояи он чӣ гуна ба танзим дароварда мешавад?
Давомнокии кори хизматчии давлатӣ аз рӯи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як рӯз 8 соат муқаррар шудааст. Бо назардошти муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати аз 3 соат зиёд дар ҷои кор бе сабабҳои узрнок набудан нисбати хизматчии давлатӣ чораи интизомӣ дида мешавад.
- Се ҳуҷҷати дохилиидоравиро номбар намоед, ки воҳидҳои сохтории мақоми давлатӣ (Раёсат, шуъба, бахш) ҳар рӯз бо онҳо сарукор доранд ва хизматчии давлатӣ аз рӯи онҳо ҳисоботдиҳанда мебошад?
Ин се ҳуҷҷати танзимкунандаи фаъолияти ҳаррӯзаи хизматчии давлатӣ: низомномаи воҳиди сохторӣ, нақшаи корӣ ва уҳдадории мансабии хизматчии давлатӣ мебошад.
- Таркиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон диҳед?
Аз сарвазир, муовини аввал, муовинон, вазоратҳо (14-то) ва кумитаҳои давлатӣ (3-то) таркиб ёфтааст.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъи захираҳои дурнамои нафту газ чӣ қадарро ташкил медиҳад?
Аз ҷониби мутахассисони соҳа ҷамъи захираҳои дурнамоӣ ва пешбинишудаи нафт, газ ва конденсат 1033,76 млн. тонна сӯзишвории шартӣ баҳодиҳӣ карда шудааст, аз ҷумла гази табиӣ-863 млрд. метри мукааб, нафт-113 млн. тонна ва конденсат-36 млн. тонна.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафт ва газ кай қабул гардидааст?
18 марти соли 2015, №1190 қабул шудааст. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 46 модда иборат мебошад.
- Дар бозори ҷаҳонӣ харид ва фурӯши нафт бо кадом ченак ба роҳ монда шудааст?
Бо баррел ва дар навбати худ як баррел аз 158-159 литр (вобаста аз рӯи сифати нафт) иборат мебошад.
- 40. Ҳангоми баҳисобгирӣ ва азнавҳисобкунии захираи нафт ва газ онҳоро ба чанд категорияи (дараҷа) асосӣ ҷудо менамоянд?
Ба 4 категория (дараҷа), аз ҷумла А-тасдиқшуда, В-мушаххаси номукамал, С-тахминшуда, Д-номуайян.
- 41. Ҳангоми омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва коркарди конҳои (майдон) нафт ва газ кадом намуди чоҳҳо парма карда мешаванд?
ҶАВОБ: чоҳҳои сохторӣ, параметрӣ, ҷустуҷӯӣ, иктишофӣ, арзёбӣ, баҳодиҳӣ, истихроҷӣ (баҳрабардорӣ) ва интиқолӣ.
- 42. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи нафт ва газ дар кадом қабатҳои даври геологӣ ҷойгир (хобиш) мебошанд?
Дар қабатҳои бухоро ва алайи даври Палеоген, қабатҳои барем ва апти даври Табошир ва қабати келовей-оксфорди даври Юра.
- 43. Бо кадом мақсад сохтори (конструксия) ҷоҳҳо таҳия ва тартиб дода мешаванд?
Бо мақсади рӯйпуш намудани қабатҳои обҳои зеризаминӣ, эмин нигоҳ доштани қабатҳои ҷинсҳои ноустувор аз резиши ҷинсҳои кӯҳӣ, ҷабиш ва мураккабшавӣ, мавҷудияти фишорҳои аз меъёр зиёд ва кам дар қабатҳои ҷинсҳои куҳӣ. Яъне дар сохтори (конструксия) ҷоҳҳо хосиятҳои болозикри қабатҳои ҷинсҳои куҳӣ аз рӯи ҷойгиршавиашон бо аломатҳои махсус дарҷ гардида, дар асоси он корҳои пармакунӣ гузаронида мешавад.
- 44. Таъмири асосӣ ва ҷории ҷоҳҳои нафт ва газ бо кадом мақсад гузаронида мешавад?
Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истихроҷи нафт ва газ.
- 45. Конҳои нафту гази амалкунандаи шимоли Тоҷикистонро номбар намоед?
Конҳои нафту гази Конибодоми Шимолӣ, Конибодом, Равот, Маданият, Маҳрам, Ниёзбек-Қарақчиқуми Шимолӣ, Айритон, Оби-Шифо, Қаратоғи Шимолӣ ва Селроҳа.
- 46. Ҳангоми омӯзиши майдонҳои ояндадори нафт ва газ кадом намуди усулҳои таҳқиқотии геофизикӣ истифода бурда мешавад?
Иктишофи сейсмикӣ (усули муайян намудани мавҷҳои жарфии 2Д ва 3Д), иктишофи гравиметрӣ (гравитатсионӣ), иктишофи магнитометрӣ, иктишофи электрикӣ, иктишофи радиометрӣ.
- 47. Дар чоҳҳои нафт ва газ ҳангоми омӯзиши қабатҳои ҷинсҳои куҳӣ кадом намуди усулҳои геофизикии таҳқиқоти чоҳҳо (каротажи чоҳҳо) гузаронида мешавад?
Каротажи термометрӣ, акустикӣ, сейсмоакустикӣ, механикӣ, гравитатсионӣ, стандартӣ, газӣ, радиоактивӣ, гамма каротаж, гамма-гамма каротаж, гамма-нейтрон каротаж ва ғ.
- Минтақаҳои нафтугаздори қисми ҷанубу ғарбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?
Минтақаи синклиналии Сурхандарё, минтақаи антиклиналии Кофарниҳон, минтақаи синклиналии Вахш, минтақаи антиклиналии Обигарм, минтақаи синклиналии Кӯлоб, пастхамии Душанбе.
- Мақтаи (профил) геофизикӣ дар асоси кадом маводҳо таҳия ва сохта мешавад?
Дар асоси маводҳои иктишофи сейсмикӣ, гравиметрӣ, магнитӣ, электрикӣ ва радиометрӣ.
- Дар конҳои нафт, газ ва конденсат ҳангоми истихроҷ намудани газ онро аз рӯи хосияти истихроҷшавиаш ба чанд намуд ҷудо менамоянд? ҶАВОБ: ба 3 намуд, аз ҷумла гази табиӣ, гази ҳамроҳ, гази омехта.
- 51. Таркиби гази табиӣ аз кадом газҳо иборат аст?
Метан-то 98%, этан, пропан, бутан ва карбогидридҳои вазнин то 2%.
- 52. Ҳаҷми гази истифодашударо бо чӣ муайян менамоянд?
Бо ҳисобкунаки газӣ.
- 53. Баъд аз баромадани чанд фоиз газ, он гоҳ сӯхтор ба амал меояд?
Аз 3% зиёд баромадани газ сӯхтор ба амал меояд.
- 54. Барои муайян намудани хориҷшавии гази табиӣ аз лӯлаҳои газгӯзар кадом намуди таҷҳизот истифода бурда мешавад?
Газоанализатор, индикатори газӣ.
- 55. Манбаъҳои барқарорнашавандаи энергия кадом намуди захираҳои табииро дар бар мегирад?
Нафт, газ, ангишт ва ғайра.
- 56. Газҳои сӯзандаи табииро номбар намоед?
Метан, этан, пропан, бутан, пентан, гексан, гептан, октан, нонан, декан.
- 57. Конҳои нафту гази амалкунандаи ҷанубу ғарби Тоҷикистонро номбар намоед?
Конҳои нафту гази Патинак, Селдузд, Сурхсимо, Кичикбел, Окбошадир, Қуми Ҷанубӣ, Қурғончаи Шимолӣ, Шоҳамбарӣ.
- Ҳавзаҳои нафтугаздори ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?
Депрессияи (ҳавза, ҳамворӣ) Тоҷик ва водии Фарғона.
- Нақшаи корӣ барои мақоми давлатӣ кай ва барои кадом давраҳои фаъолияти ҳисоботӣ тартиб дода мешавад?
Нақшаи кор қабл аз соли нав барои шаш моҳ ва ё як сол пешакӣ тартиб дода шуда, аз рӯи он ҳисоботи семоҳа, нимсола, нӯҳмоҳа ва солона дода мешавад. Нақшаи кориро мумкин аст, ки фаври тартиб дода, аз рӯи он ҳисобот пешниҳод намоянд.
- Пешбарии хизматчии давлатӣ ба мансаби болотар, барои гирифтани рутбаи баланди тахассусӣ, ба мукофот ва муҷозоти интизомӣ аз ҷониби ки амалӣ карда мешавад?
Ҳамаи намуди пешниҳод оид ба ҳавасмандкунӣ, мукофотонӣ ва таъини муҷозот аз ҷониби роҳбари бевоситаи хизматчии давлатӣ (сардори Раёсат, шуъба, бахш) амалӣ карда мешавад. Пешниҳодро ба роҳбари мақоми давлатӣ ирсол менамояд. Пешниҳоди варақа барои гирифтани музди маоши моҳона низ бо тасдиқ ва кафолати роҳбари бевоситаи хизматчии давлатӣ асоснок карда мешавад.
- Ҳаҷми умумии иқтидори захираи гидроэнергетики дар кишвар чи қадарро ташкил медиҳад?
527 млрд, кВт/ дар як соат, 95% неруи барқ дар кишвар аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетики истеҳсол карда мешавад.
- 62. Иқтидори МБГ-ҳо чиқадар аст?
718 МВт буда, МБГ-1 198 МВт, МБГ-2 400 МВт, МБГ Ёвон 120 МВт.
- 63. Иқтидори умумии неругоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6483 МВт
- Содирот ва воридоти неруи барқ бо кадом кишварҳо ба роҳ монда шудааст.
Содирот ва воридот бо Қирғизистон, Афғонистон ва Ўзбекистон ба роҳ монда шудааст.
- 65. Шумора ва иқтидори НБО-ҳои хурди ҷумҳурӣ?
284 адад бо иқтидори 24,6 МВт.
- Манбаъҳои барқароршавандаи энергия кадом намуди захираҳои табииро дар бар мегирад?
Об, офтоб, шамол, биомасса ва ғайра
- 67. НБО «Норак» аз чанд агрегат иборат аст?
НБО «Норак» аз 9 агрегат иборат буда, 3000 МВт иқтидор дорад.
- 68. Иқтидори НБО «Сангтӯда-1» чи қадар аст?
Иқтидори ин неругоҳ 670 МВт ва аз 4 агрегат аст.
- 69. Иқтидори НБО «Сангтӯда 2» чӣ қадар аст?
Иқтидори ин неругоҳ 220 МВт ва аз ду агрегат аст.
- Баландии сарбанди (платина) НБО “Роғун” чӣ қадар аст?
Баландии платинаи Роғун 335м аст.
- Агрегатҳои якум ва дуюми НБО “Роғун” кадом солҳо ба истифода дода шудаан?
16.11.2018 ва 09.09.2019
- 72. Барномаҳои рушди соҳаи энрегетикаро номбар намоед?
Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони НБО-и хурд барои солҳои 2016-2020, Нақша-чорабиниҳои лоиҳаҳои афзалятноки барои солҳои 2016-2020.
- 73. Бо кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи энергетикаро ба танзи медароранд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” (28 декабри соли 2013), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи манбаъҳои барқароршавандаи энергия” (7 январи соли 2010), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷӯи ва самаранокии энергия” (19 сентябри соли 2013) қабул шудааст.
- 74. Ба захираи кадрҳои хизмати давлатӣ чӣ гуна ворид шудан мумкин аст?
Ба захираи кадрҳо 1. дар асоси протоколи комиссияи аттестатсионии мақоми давлатӣ; 2. бо тавсияи роҳбари мақоми давлатӣ ба воситаи комиссияи санҷишии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни давлатӣ ворид карда мешаванд. Ба захираи кадрҳо хизматчиёни давлатӣ ба мансаби муайян ва мӯҳлати муайян пешниҳод карда мешавад. Хизматчиёни давлатии ба захираи кадрҳо бо тавсия воридшуда, ба мансаб бе озмун таъин карда мешаванд. Баъди ба захираи кадрҳо ворид шудан хизматчии давлатӣ дар асоси барномаи таълимӣ аз таҷрибаомӯзӣ мегузарад.
- 75. Хизмати давлатӣ ҳамчун фаъолият ба кадом вақт қатъ карда ҳисобида мешавад?
Дар ҳолатҳои зерин хизмати давлатӣ қатъ карда мешавад: истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ, ҳангоми ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ расидан, қатъ шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он, риоя накардани маҳдудиятҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» пешбинӣ намудааст ва дигар ҳолатҳое, ки Қонун мазку рва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд. Инчунин тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» хизматчии давлатӣ ҳуқуқ дорад, бо ташаббуси худ фаъолиятро дар хизмати давлатӣ қатъ намояд.
- 76. Хизматчии давлатӣ ба ҷавобгарии интизомӣ дар кадом мавридҳо кашида мешавад ва намудҳои ҷазои интизомӣ кадомҳоянд?
Ба хизматчии давлатӣ дар сурати иҷро накардани ӯҳдадории мансабӣ ва ё ба таври даркорӣ иҷро накардан (хунукназарӣ) муҷозоти интизомӣ таъин карда мешавад. Муҷозот аз тарафи роҳбари бевоситаи ӯ пешниҳод карда мешавад. Намудҳои ҷазои интизомӣ инҳо мебошанд: сарзаниш, танбеҳ, то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ, паст кардан дар мансаб, аз мансаб озод кардан.
- 77. Кирдори хизматчии давлатӣ ҳангоми риоя нагардидани тартиботи муқарраршудаи корӣ дар куҷо муҳокима карда мешавад?
Кирдори қоидавайронкунии хизматчии давлатӣ дар маҷлиси иттифоқи касабаи коллективи меҳнатӣ муҳокима карда мешавад ва нисбати ӯ протокол тартиб дода мешавад.
- 78. Барои хизматчии давлатӣ чанд намуди мукофот муайян шудааст?
Ба хизматчии давлатӣ аслан 2 намуди мукофот барои меҳнати поквиҷдонона ва барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ муқаррар шудааст: мукофоти соҳавӣ ва давлатӣ. Мукофоти соҳавӣ аз қабили «Раҳматнома», «Ифтихорнома», ки дар салоҳияти роҳбари мақоми давлатӣ дар рӯзҳои ҷашн ва ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кори мақоми давлатӣ тақдим карда мешавад. Мукофотҳои давлатӣ бошад, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозонида мешавад.
- 79. Зери мафҳуми ҳуҷҷат чиро дар назар доред?
Ҳуҷҷат ин воситаи бо шаклҳои гуногун дар маводи махсус сабт намудани маълумот дар бораи далелу ҳодисаҳо, зуҳуроти воқеъияти объективӣ ва фаъолияти фикрии инсон мебошад. Ҳуҷҷат – ноқили асосии иттилоот дар низоми идоракунӣ, дар хизмати давлатӣ, ҷузъи хосаи фаъолияти идоракунӣ ва натиҷаи он аст. Ҳуҷҷат манбаи иттилои сабтшуда аст, ки барои ноил гаштан ба мақсади ниҳоии дар сатҳи муайяни идоракунӣ гузошташуда зарур аст. Ҳуҷҷат – ин воситаи техники иҷрои амалиёт ва тартиботи идоракунист, ки кормандони дастгоҳи идоракунӣ барои қабули қарорҳо, корҳои маълумотӣ – ҷустуҷӯӣ ва таҳлилӣ истифода мебаранд.
- 80. Гардиши ҳуҷҷат чӣ маъно дорад?
Яъне ҳаракати ҳуҷҷатҳо дар дастгоҳи идоракунӣ, раванди пайваста бо ҳуҷҷатҳо кор кардан аз вақти ба вуҷуд овардан ё қабул кардан то иҷро ё фиристодани онҳо ба суроғаи даркорӣ мебошад. Ҳаҷми ҳуҷҷат аз миқдори ҳуҷҷатҳои воридотӣ, содиротӣ ва дохилии идоравӣ дар муддати як сол бармеояд. Гардиши ҳуҷҷат ва бақайдгирии он аз ҷониби шӯъба ё бахши умумии мақоми давлатӣ танзим мегардад. Таҳлили ҳаҷм ва таркиби ҳуҷҷат барои такмили ҳуҷҷатнокии фаъолияти идоракунӣ, кам кардани мухобирот, ассосноккунии сохтор, беҳтаргардонии ташкили кори роҳбарон, мутахассисон ва кормандони техникӣ зарур аст.
- 81. Қонунгузории хизмати давлатӣ синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ буданро чанд сол муқаррар намудааст?
Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ тибқи талаботи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» барои занон то 58 солагӣ ва барои мардон то 63 солагӣ муқаррар шудааст.
- 82. Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз кадом унсурҳо иборат мебошад?
Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз маоши мансабӣ, иловапулӣ ба маоши мансабӣ аз ҳисоби собиқаи хизмати давалтӣ мебошад.
- 83. Уҳдадориҳои иловагии хизматчии давлатии маъмурӣ дар кадом маврид ба ӯ вогузор карда мешавад?
Уҳдадориҳои иловагӣ мувақатан бо розигии хизматчии давлатии маъмурӣ ва роҳбари мақоми давлатӣ бо шарти пардохти иловапулӣ мумкин аст ба зиммаи хизматчии давлатии маъмурӣ вогузошта шавад.
- 84. Зарурияти қабули Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 дар чӣ буд?
Зарурияти гузаронидани ислоҳоти ҳамаҷонибаи соҳаи об ҷавобгӯ набудани самаранокии идоракунии истифода ва ҳифзи захираҳои об, сифати хизмати обрасонӣ, инчунин напӯшонидани хароҷоти хизмати обрасонӣ дар доираи сохтори идоракунии мавҷуда ба ҳисоб меравад. Сабаби асосии он, номукаммалӣ ва ба шароити бозаргонӣ ҷавобгӯ набудани қонунҳои мавҷуда ва тартибу танзим ва механизми иқтисодии хизмати обрасонӣ дар соҳа буда, таъмин нагардидани риояи онҳо дар амал мебошад. Азбаски дар шароити бозаргонӣ қисми асосии хароҷоти нигоҳдорӣ ва идоракунӣ аз ҳисоби истифодабарандагони об таъмин мешавад, мувофиқи мақсад аст, ки онҳо дар ҷараёни таҳияи қарору фармоишҳои ба идоракунии об дахлдор иштирок намоянд.
- 85. Барномаи ислоҳоти соҳаи об аз кадом қисмҳо иборат мебошад?
Барномаи ислоҳоти соҳаи об аз қисмҳои Рушди қонунгузорӣ ва танзим, Рушди институтсионалӣ, Барқарорсозии инфрасохтор ва Воситаҳои кӯмакрасони ислоҳоти соҳаи об иборат мебошад.
- 86. Мақсад ва принсипҳои ислоҳоти соҳаи об аз чи иборат мебошад?
Мақсади ислоҳоти мазкур ин банақшагирӣ, рушд ва идоракунии самараноки соҳаи об дар асоси сиёсати оқилона, таҳлил ва идоракунии муштараки ҳаҷм ва сифати обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ, мувозинати истифодаи об аз ҷониби бахшҳои гуногун тавассути истифодаи ҳавза ва системаҳои гидрографӣ ҳамчун минтақаи идоракунӣ ба манфиати рушди баланди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври одилона, баробар ва бе расонидани зарар ба суботи экологӣ мебошад.
Барномаи мазкур гузаронидани ислоҳотро дар асоси ду принсипи роҳнамо – (1) ҷудо кардани вазифаҳои сиёсиву танзимӣ аз вазифаҳои истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи об ва (2) гузаштан ба идоракунии ҳавзавии захираҳои об пешбинӣ менамояд.
Дар доираи ислоҳот такмили механизми институтсионалӣ ва идоракунии захираҳои об дар сатҳҳои миллӣ, ҳавзавӣ ва зерҳавзавӣ пешбинӣ гардидааст.
- Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об (ИҲЗО) чист?
Идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об – низоми идоракунӣ, ки баҳисобгирӣ ва таъсири мутақобилаи захираҳои об (обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва бозпасгашта) ва захираҳои замин, инчунин захираҳои дигари табиии ба онҳо вобастаро дар ҳудуди муайяни гидрографӣ ба асос гирифта, манфиати соҳаҳо ва сатҳҳои гуногуни истифодаи об ва захираҳои табииро алоқаманд месозад ва онҳоро ба раванди қабули қарор, банақшагирӣ, маблағгузорӣ, ҳифз ва рушди захираҳои об ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист ҷалб менамояд.
- Ҳавзаи дарё гуфта чиро мегуянд?
Сарҳади ҳавзаи дарёҳо минтақаи ҷуғрофии танзими институтсионалӣ, меъёрӣ ва идоракунии истифодаи обро ташкил карда, илова ба оби маҷрои дарё обҳои зеризаминӣ, чашма, кӯл, пирях ва дигар намудҳои захираҳои обро дар бар мегирад.
- 89. Нақшаи ҳавзавии идоракунии захираҳои об гуфта чиро мегӯянд?
Нақшаи ҳавзавии идоракунии захираҳои об – ҳуҷҷате, ки баҳодиҳии ҳолати мавҷудаи ташаккулёбӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об, рушди соҳаҳои обистифодабарандаи иқтисодиёт дар ҳавзаҳо, талаботи онҳоро ба захираҳои об дар дурнамоҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат бо мақсади таъмини рушди устувор инъикос менамояд.
- Хусусиятҳои хоси идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
аҳамияти муҳими гидроэнергетика;
- аҳамияти пардохти ҳаққи хизматрасонии об;
- пешгирии коҳиши оби зеризаминӣ;
- аҳамияти дастрасӣ ба оби обёрӣ;
- гузариш ба принсипҳои идоракунии ҳавзавӣ;
- зарурат ба иштироки ҷомеа;
- зоҳир намудани диққати махсус ба осебпазирии минтақаҳои кӯҳӣ ва таҳким намудани муҳофизат аз обхезӣ.
- Дар доираи ислоҳоти соҳаи об иҷрои кадом корҳо ба нақша гирифта шудааст?
тақсимоти масъулият байни вазорату идораҳои фаъолияташон марбут ба соҳаи об мувофиқ ба талабот ва шароити нави ҳозиразамон;
- баррасӣ ва такмили қонунгузорӣ ва санадҳои танзимии соҳаи об;
- такмили механизми институтсионалӣ ва идоракунии захираҳои об дар сатҳи миллӣ, ҳавзавӣ ва зерҳавзавӣ. Созмон додани Шӯрои миллии об, 5 Ташкилоти ҳавзавӣ ва 2 Ташкилоти зерҳавзавӣ, 5 Шӯрои ҳавзавии об;
- такмили механизми иқтисодии хизмати обрасонӣ.
- Тибқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об системаи дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом ҳавзаҳо ҳамчун воҳидҳои идорашаванда тақсим карда мешаванд?
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзаҳои зерин муқаррар карда шудаанд:
– Ҳавзаи дарёи Сир;
– Ҳавзаи дарёи Зарафшон;
– Ҳавзаи дарёи Панҷ;
– Ҳавзаи дарёи Вахш;
– Ҳавзаи дарёи Кофарниҳон.
Ин ҳавзаҳои дарёҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди асосии идоракунии захираҳои об буда, аз ҳавзаҳои дарёҳо ва объектҳои зеризаминии оби ба он алоқаманд иборатанд.
- Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо ва зерсохторҳои онҳо чигуна ташкилот буда, вазифаҳо ва салоҳиятҳои онҳо аз чи иборат мебошанд?
Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо ва зерсохторҳои онҳо ташкилотҳои масъул оид ба масъалаҳои ташкили идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, банақшагирии истифодаи захираҳои об, мониторинги истифодаи объектҳои об ва татбиқи нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об дар минтақаҳои ҳавзавӣ ба ҳисоб мераванд.
Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо воҳидҳои сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об ба ҳисоб мераванд.
Ба салоҳияти ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо дохил мешавад:
– иштирок дар таҳияи нақшаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати ҳавзавӣ барои идоракунии захираҳои об;
– тартиб додани нақшаи мавсимии ҳавзавӣ оид ба тақсимот ва истифодаи захираҳои об;
– назорат оид ба тақсимоти об, пешниҳоди чораҳо оид ба огоҳкунӣ ҳангоми қонунвайронкуниҳо дар иҷрои шартҳои нақшаҳои қабулгардида;
– паҳн намудани маълумот дар бораи тақсимоти об ба ташкилотҳои манфиатдор
- 94. Шурои ҳавзавии дарё ва вазифаҳои он?
Бо мақсади мусоидат ба идоракунии самараноки захираҳои об ва ҳамоҳангсозии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар ҳудуди минтақаҳои ҳавзавӣ Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо ҳамчун мақомоти машваратию маслиҳатӣ ташкил карда мешаванд.
Вазифаи асосии Шӯрои ҳавзавии дарё аз инҳо иборатанд:
- баррасӣ ва тавсияи нақшаҳои мавсимии тақсимоти об миёни истифодабарандагони гуногун ва нақшаҳои миёна ва дарозмӯҳлати рушди захираҳои оби ҳавза;
- машварат бо ТҲД ва дигар ҷонибҳои манфиатдор оид ба иҷрои воқеии ин нақшаҳо;
- баёни фикру ақида оид ба масоили гуногуни марбут ба идора, тақсимот, истифода, ҳифз ва сифати об;
- расонидани кӯмак ва ҳалли баҳсҳои байни ҷонибҳои манфиатдор ва истифодабарандагони об, ассотсиатсия ва федератсияҳои онҳо.
Ба ҳайати Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, намояндагони истифодабарандагони об, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дохил мешаванд.
Раисони Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо аз тарафи аъзоёни онҳо интихоб карда мешаванд.
- Шурои миллии об ва вазифаҳои он
Шӯрои миллии об мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин, ташкилотҳои ғайридавлатиро вобаста ба банақшагирӣ, идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об ҳамоҳанг месозад.
Ваколатҳои Шӯрои миллии об дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об аз инҳо иборатанд:
– ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои манфиатдор ва дигар сохторҳои давлатӣ, шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ташкилотҳои бахши хусусӣ ва ғайридавлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об;
– тасдиқи Низомномаи шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо;
– баррасӣ ва мувофиқаи лоиҳаҳои дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушд дар соҳаи захираҳои об, лоиҳаҳои нақшаи ҳавзавӣ оид ба идораи захираҳои об ва нақшаи чорабиниҳои марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;
– таҳлил ва арзёбии татбиқи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушд дар соҳаи захираҳои об, лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавӣ ва нақшаи чорабиниҳои марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- 96. Қонунгузории соҳаи обро номбар кунед?
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нушокӣ ва таъмини он»
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асотсиатсияҳои истифодабарандагони об»
- Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ»
- Созишномаҳо, конвенсияҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ оид ба об, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст
- Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон?
Мақсади қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардидан ва нигоҳ доштани сатҳи аз ҷиҳати иқтисодӣ муносиб ва аз ҷиҳати экологӣ бехатари идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об ҷиҳати нигоҳдорӣ ва беҳтарсозии шароити зисти аҳолӣ ва муҳити зист мебошад.
Вазифаҳои қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои обӣ бо мақсади таъмини идоракунии устувор ва истифодаи самараноки об барои эҳтиёҷоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт, ҳифзи объектҳои обӣ аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва коҳишёбӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари об, беҳтар намудани вазъи объектҳои об, инчунин, ҳифзи ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун дар соҳаи муносибатҳои об ба ҳисоб меравад.
- Дар доираи ислоҳоти соҳаи об такмили кадом санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст?
Дар доираи ислоҳоти соҳаи об такмили як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст, аз ҷумла таҳияи:
- Лоиҳаи нави Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов»
- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об»
- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳдошти замин ва обёрӣ»
- Лоиҳаи нави Қарори Хукумати ҶТ дар бораи муайян намудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об ва Низомнома дар бораи муайян намудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об
- Мақомоти давлатӣ оид ба идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
Мақомоти давлатӣ оид ба идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- Вазорати энергетика ва захираҳои об;
- Вазорати кишоварзӣ;
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- Кумитаи ҳифзи муҳити зист;
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ;
- Саридораи геология;
- Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ;
- Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ;
- Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”;
- Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик”.
Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ дар соҳаи идоракунии захираҳои об фаъолият доранд. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (минбаъд – АИО) ва Федератсияҳои АИО-ҳо дар Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии махсусгардонидашуда мебошанд, ки ба нигоҳдорӣ ва идоракунии шабакаҳои обёрӣ ва заҳкашу заҳбурҳои дохилихоҷагӣ ҳуқуқ доранд.
- Ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об номбар кунед?
Соли байналмилалии оби тоза – соли 2003
- Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015
- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013
- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
- 101. Оид ба Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 чи медонед? Ва барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи об чи гуна аҳамият дорад?
Бо ибтикору роҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 тасдиқ гардид. Бешубҳа, қабули қатъномаи мазкур бори дигар собит кард, ки Тоҷикистон дар пешбарии рӯзномаи ҷаҳонии об мавқеи санҷидаю қавиро касб кардааст.
Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об барои ноил шудан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологӣ, татбиқ ва пешбурди барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, ҳамкорӣ ва шарикӣ дар тамоми сатҳҳо барои татбиқи ҳадафҳои байналмилалии мувофиқашуда марбут ба об, такмилдиҳии донишҳо, табодули маълумот ва таҷрибаи пешқадам мусоидат хоҳад кард.
Татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зеринро медиҳад:
- Имкониятҳои сиёсӣ:
- Боз ҳам баланд гаштани нуфузи сиёсии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар дар сатҳи байналмилалӣ;
- Эътирофи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об;
- Муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну субот ва дорои имконияту захираҳои бой;
- Густариши ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо.
- Имкониятҳои иқтисодӣ:
- Муаррифии захираҳо ва имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, гидроэнергетика, туризм ва ғайра;
- Ҷалби сармоягузориҳои нав ба соҳаҳои об, гидроэнергетика, саноат ва бо ин тариқ ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об;
- Ҷалби шумораи бештари сайёҳон ба Тоҷикистон.
- Имкониятҳои иҷтимоӣ:
- Баланд гаштани сатҳу сифати зиндагии мардум;
- Ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини оби нушокӣ;
- Муаррифии таърих, маданият ва фарҳанги волои мардуми тоҷик;
- Рушди зарфият оид ба қабули сайёҳон ва ғайра.
- Кадом сол соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мешавад?
Соли 2025.
- Санаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо?
21-уми март.