СОЛИ 2028 ТОҶИКИСТОН КОНФРОНСИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА ЗАХИРАҲОИ ОБРО МИЗБОНӢ МЕКУНАД

Ин нуктаро Мовсес Абелян, Дабири кулли СММ оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.

Бино ба навиштаи АМИТ “Ховар”, дар мулоқоти Пешвои миллат ва Мовсес Абелян масоили марбут ба конфронсҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, баргузории конфронси сатҳи баланд дар соли 2028, ки бузургтарин конфронси фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд, баррасӣ шуд.
«Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои сатҳи олӣ, ки ҳамасола моҳи сентябр бо иштироки ҳайатҳои баландпояи кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар Ню-Йорк баргузор мешаванд, қобили муқоиса мебошад», – гуфт Мовсес Абелян.
Ӯ таъкид намуд, ки дар ҷараёни ин сафар ҳамчунин доир ба масъалаҳои ташкили конфронс бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон гуфтугӯҳои муфассал доир мешаванд.
Бояд иброз намуд, ки дар чорчӯби Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон масъалаҳои ниҳоии ҳамаҷонибаи иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баррасӣ мешаванд.